Заминларзаи сахт шоми 21-уми март Тоҷикистонро такон дод.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе гузориш доданд, ки "баъзе аз сокинон ба берун баромаданд".

Ба иттилои корбарон, дар Хуҷанд, Дарвоз, Панҷакент, Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Деваштич ва гӯшаҳои дигари кишвар заминларзаро ҳис кардаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки заминларза соати 21:47, шоми 21-уми март, сабт шуд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, “маркази заминларза 268 километр дар ҷануби шарқ аз шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистона буда, дар марказ қувваи заминларза аз 7 бал зиёд ва дар шаҳри Душанбе 5 балро ташкил дод.”

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, бар асари заминларза дар Тоҷикистон то ин дам “хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт нашудааст.”

Баъзе аз созмонҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, маркази заминҷунбӣ дар Ҷурми Афғонистон, вилояти Бадахшон, буда, шиддаташ дар онҷо ба беш аз 6 дараҷа мерасид.

Заминларзаи сахт Узбекистонро низ такон додааст. Мақомоти ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гуфтанд, шиддати заминларза ба 5,6 дараҷаи Рихтер баробар буд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует