Боз як навъи электромобилҳои нав вориди Тоҷикистон шуданд

Ширкати "Як таксӣ" мошинҳои барқии навро ба Тоҷикистон ворид кард. Ин дам модели BYD E2. Ҳоло 20 адад мошин омаданд, ва онҳоро метавон ҳам барои таксӣ ва ҳам барои истифодаи шахсӣ харидорӣ кард. “Як таксӣ” дистрибютори расмии BYD дар Тоҷикистон эътироф шудааст.
«Батареяҳои ин модел – он кафолати якумрӣ доранд», - мегӯяд намояндаи “Як таксӣ” Баҳриддин Шоев.
BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километрро тай кунад. Мошинро метавон дар хона аз розеткаи оддии дорои ноқили заминӣ пур кард. Барои пурра бо барқ захира кардан тақрибан 6 соат вақт лозим аст. Ва арзиши он бошад қариби 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар кард.
Ҳамчунин “Як таксӣ” тасмим гирифтааст, дар саросари кишвар шабакаи стансияҳои барқпуркунӣ васл кунад. Ин нахустин чунини иқдом дар Тоҷикистон аст. Алакай дар Душанбе ҷойгиршавии 10 нуқтаи он мувофиқа шуда истодааст.
“Дар худуди худи корхона пункти якум аллакай гузошта шудааст. Он метавонад ду мошинро дар як вақт барк дихад”, - мегӯяд намояндаи “Як таксӣ” Баҳриддин Шоев.
Тақрибан шаш моҳ пеш ширкати “Як таксӣ” аввалин шуда ба кишвар электромобил кард ворид - мошинҳои Volkswagen E-Lavida дорои батареяи 38 киловата буданд. Соҳибони онҳо алакай аз таҷрибаи муваффақ қисса мекунанд.
“Қариб шаш моҳ мешавад, ки ин мошинро меронам - мошини олӣ,- мегӯяд ронандаи таксӣ, ронандаи Volkswagen E-Lavida Суҳроб Саидов. - Чанде пеш ба Варзоб, ба Сафеддара сафар доштам, худро хеле хуб нишон дод, бе ягон мушкилӣ рафту омад. Бо он ба Бохтар хам рафта будам, худро хеле нагз нишон дод. Он бо як захира 300 километр масофаро тай мекунад. Барои пур кардан бошад ҳамагӣ 40 дақиқа вақт меравад”.
BYD E2 қариби 23 000 доллар арзиш дорад. Volkswagen E-Lavida - 22 ҳазор. Электромобилҳо ва стансияҳои барқпуркунӣ бахше аз ташаббуси “ЭКО-Шаҳр”-и ширкати “Як таксӣ” мебошанд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует

    ×