Дар деҳаи дурдасти Шоҳқадам мактаби нав боз шуд

Дар деҳаи Шоҳқадами ноҳияи Б.Ғафуров барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ муассисаи таълимӣ бунёд гардид. Омӯзиш дар ин ҷо бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Кӯдакону наврасони деҳаи Шоҳқадам барои таҳсил ба мактаби деҳаи поён, ки дур аз ҷои истиқоматиашон аст, мерафтанд. Акнун кушодашавии мактаб дар фасли сармо роҳи онҳоро кӯтоҳ ва осон намуд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует