Дарди дили зану шавҳари нобино ва фарзандони хору зори онҳо
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Талхиҳои зиндагӣ, бенавоӣ, бехонагӣ ва нобиноӣ Шаҳобиддин Ҳабибовро маҷбур намуд, ки дари сомонаи “Оила.тч”-ро кӯбад . Аслан ӯ аз модар солим ба дунё омада буд ва то 15 -солагӣ аз дигар ҳамсолонаш фарқе надошт. Дар дил ҳавасҳои зиёде мепарварид ин ҷавони орзупарвар, мехост ронанда шавад ва мардумро ба манзили муродашон бирасонад, аммо...
Тақдири бераҳм дар синни 16-солагӣ бо Шаҳобиддин бозии номардона оғоз намуда, якбора аз дидаи бино маҳрумаш гардонд ва ба чойи чамбараки мошин асо ба дасташ дод.
Ин ҷавони қавиирода бар рағми қисмати номард оила барпо намуд, то кулбори аламҳояшро бо ҳамсараш қисмат кунад. Ба сони худаш аз дидаи бино маҳрум аст ҳамсараш, аммо бо амри худованд аз ин зану шавҳари оҷиз 3 фарзанди биною солим ба дунё омадааст. Фотима 8 сола, Сумая 6 сола ва Шамсияи Шаҳобиддин ҳамагӣ 2 моҳа аст. Ба оҷизиаш нигоҳ накарда Умринисо ҳамеша кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, ки фарзандонашро хуб нигоҳубин кунад.