Таҷаммуи шаҳрвандон дар назди бинои сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Имрӯз, пеш аз нисфирӯзӣ, як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон назди бинои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон таҷаммуъ карданд.
Гирдиҳамомадагон бо шиорҳое монанди «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» ва бо муроҷиат ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор мекарданд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».
Онҳо инчунин шиорҳое ба ин тартиб дар даст доштанд, ки «Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест!», «Фарзандони моро аз гуруҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед!», «Ба баргаштани фарзандони мо монеъ нашавед!».
© «Фараж»