Дзюдо. Комроншоҳ Устопириён ғолиби Гран-прии Анталия (08.04.2018)

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми имрӯз, 8-уми апрел, ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни 90 кило медали тилло ба даст овард. Комроншоҳи Устопириён, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 8-уми апрел – вориди сабқат шуд, бар чаҳор рақибаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум бар Самули Виитанен (Финляндия, 2:56, иппон) пирӯз шуд. Баъдан ӯ Солтон Броунро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст дод (0:22, иппон) ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Устопириён дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Маммадалӣ Меҳдиевро аз Озарбойҷон мағлуб кард (3:38, иппон) ва ба финал баромад.

Рақиби ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманйа Майдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони тоҷик (3:12, иппон) хотима ёфт. Ҳамин тариқ, Ҷудочии муваффақи тоҷик Комроншоҳи Устопириён бо медали тилло ва Майдов бо медали нуқра мукофотонида шуданд. Дарвоқеъ, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо, ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ба даст оварда буд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует