Хабар. Ҷоми ҷаҳони футбол ба Душанбе меояд (03.02.2018)
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Кристиан Карамбе, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” ва мунтахаби Фаронса Ҷоми ҷаҳонии футболро ҳангоми сайри он ба Душанбе роҳбаладӣ мекунад.
Дар доираи саёҳати ҷаҳонӣ Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба 50 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ташрифи Ҷоми ҷаҳонӣ ба Тоҷикистонро Федератсиони футболи кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкати “Coca-Cola” ташкил кардааст.
Дар доираи иқдоми «Трофи Тур» 5-уми феврал барои аввалин бор дар таърихи ҷоме, ки ба ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон тақдим мегардад, ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ин ҷом дар Душанбе ба маърази умум гузошта хоҳад шуд.
Ба иттилои мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд Ҷоми расмии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳонро, ки ФИФА мегузаронад, бубинанд ва бо ин ҷоизаи афсонавӣ аксбардорӣ кунанд. Дар доираи ташрифи ҷоизаи аслии ҷаҳонии футбол ба пойтахти Тоҷикистон меҳмонони чорабинӣ, инчунин имкон доранд, ки дар барномаи дилхушӣ ширкат варзанд.
Тибқи маълумоти ноамояндаи ширкати «Coca Cola» дар Тоҷикистон Аскар Маратов, Ҷоми ҷаҳони футбол, санаи 5-уми феврал соати 15:30 бо ҳавопаймои махсус озими фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мешавад. Соати 16:30 дар бинои “Кохи Борбад” барои намояндагони ВАО нишасти матбуоти баргузор мешавад. Намояндагони ВАО метавонанд, ки ин ҷоизаи арзишмандро ба чашми сар бубинанд.