Сокинон_ «Сабаби зиёд ҳисоб шудани маблағи нерӯи барқро шарҳ диҳед_»
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Рӯзи 11 январ даҳҳо сокини шаҳри Хуҷанд бо шикоят ба идораи Шабакаҳои барқии ин шаҳр омаданд. Сокинон мегӯянд, бо онки нархи барқ ҳамагӣ 15 фоиз боло бурда шуд, харҷи нирӯи барқи онҳоро дар ҳафтаҳои охир то ду маротиба бештар ҳисоб кардаанд. Масъулони идораи барқи Хуҷанд мегӯянд, ки сабаби ин харҷи бештари барқ дар фасли зимистон аст. Рӯзи 11 январ даҳҳо сокини Хуҷанд бо шикоят ба идораи Шабакаҳои барқи ин шаҳр рехтанд. Сабаби шикояти сокинон ин аст, ки дар ҳафтаҳои охир пулчинакҳои Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд харҷи нирӯи барқи онҳоро то ду маротиба бештар ҳисоб кардаанд. Ин дар ҳолест ки нархи нирӯи барқ ҳамагӣ 15 дарсад боло бурда шудааст. Яке аз онҳое, ки рӯзи 11 январ бо шикоят ба Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд рафтааст, дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт: "Мардум хеле норозӣ, чунки барои мисол, агар моҳе пеш 180 сомонӣ супурда бошад барои барқ, ин дафъа алакай 360 сомонӣ шудааст. Масъулони идораи барқ мегӯянд, ки ҳисобкунакҳо дуруст кор мекунанд, вале худи шумо барқи бештар кор фармудед. Вале мардум изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ гуна харҷи барқ метавонад якбора ду маротиба биафзояд? Охир, то ҳол ҳаво чандон сард набуд, ки сабаби истифодаи беш аз ҳад шавад.” Мақомоти Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ба шикояткунандагон ваъда додаанд, ки арзи онҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Рӯзи 8 январ ҳамин тавр, як гуруҳи сокиноин ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шикоят ба идораи Шабакаҳои барқи ин ноҳия омада буданд. Онҳо низ мегуфтанд, ки дар як моҳи охир хароҷоти нирӯи барқашонро то ду маротиба бештар ҳисоб кардаанд. Маҳмуд Набиҷонов, як сокини ин ноҳия дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии СМ-1 гуфт:«Моҳи гузашта 46 сомонӣ маблағпардохт карда будам аз терминал ин моҳаллакай 155 сомонӣшудааст. Аз кадомҳисоб ин хел шуд намедонем.Моҳҳои гузаштаҳам ба мисли он ки чи тавр дар моҳҳои пеш дар хона таҷҳизоти барқӣистифода мебурдемҳамон хел истифода кардем. Яктогӣтаҷҳизоти гармкунӣ (плитка), тефал, телевизор ва се фурӯзонаки каммасраф истифода мекунем.Яхдонро дар фасли тобистон кор мефармоем, аз моҳи октябристифода намебарем.» Дар гуруҳи «Ман Хуҷандро дӯст медорам» дар шабакаи Фейсбук низ ҳоло як мавзӯи асосии гуфтугӯи сокинони Хуҷанд дар бораи ба таври мармуз ва якбора то ду маротиба боло рафтани хароҷоти нирӯи барқ аст. Аз ҷумла Нигора Давлатова навиштааст, ки ҳисобкунаки манзилаш танҳо дар ду ҳафтаи охир 370 сомонӣ кор кардааст. Музаффар Бобоев менависад, як моҳ пеш 342 сомонӣ супурда буд, ин дафъа – алакай 520 сомонӣ. Ҳисобкунаки манзили Дадоҷон Аскаров як моҳ пеш 220 сомонӣ ва дар як моҳи охир 370 сомонӣ кор кардааст. Нозимҷон Мамадов як моҳ қабл 360 сомонӣ ва барои моҳи гузашта 660 сомонӣ супурдааст. Махсудҷон Муминов навиштааст, ки як моҳ пеш 92 сомонӣ супурда буд ва барои як моҳи охир алакай 260 сомонӣ. "Вой аз дасти свет!” – нидо кардааст ин сокини Хуҷанд. Бисёриҳо навиштаанд, ки пеш аз бебарқӣ менолидем ва ҳоло – аз нархи миёншикани барқ