Расман: Йерри Мина футболбози “Барселона”
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Сомониа расмии “Барселона” аз гузариши ҳимоятгари 23 солаи бошгоҳи “Палмейрас”-и Колумбия Йерри Мина иттилоъ дод. Тибқи хабаргузории сарчашма “нилунориҳо” барои харидории футболбози 25 солаи колумбиягӣ 11,8 миллион евро харҷ менамоянд. Қарордод байни бозигар ва даста то 30-юми июни соли 2023 амал мекунад. Ҳар бошгоҳе, ки мехоҳад Минаро аз “Барселона” харидорӣ намояд бояд, ки ба хазинаи каталониҳо 100 миллион евро пардохт намояд. Хотиррасон мекунем, ки муаррифии расмии Мина рӯзи ҷумъа дар “Камп Ноу” баргузор мешавад.