Барномаи "Ифтихор" (Эмомҳусайн Умаров)

Номи варзишгари ҳафтсола Эмомҳусайн Умаров аз деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ моҳе мешавад, ки расонаӣ ва вирди забонҳо гардидааст. Ин хонандаи синфи якуми муассисаи миёнаи таҳсилоти умумии № 166-и ноҳияи мазкур, тавре аз волидонаш иттилоъ гирифтем, аз сесолагӣ ба намуди варзиши ҷуссабардорӣ (отжимание) шуғл пайдо намуда, ҳамон вақт волидонашро ба ҳайрат оварда буд.

«Писарамон Эмомҳусайн аллакай дар панҷсолагиаш ҷуссаи худро дар такя бо дастону пойҳо 1000 маротиба мебардошт, -мегӯянд волидони ин писараки фавқулодӣ. – Чун дидем, ки рӯз то рӯз маротибҳои бештар ҷуссабардорӣ мекунаду шавқу завқи зиёд ва идроки хеле мустаҳками машқу тамрин дорад, дар хона барояш шароити мусоид фароҳам овардем. Ӯ ҳар рӯз монда нашуда, тамрин менамуд, ки дар ҳисоби шумораи ҷуссабардориаш сару калобаамонро гум мекардем».

Имрӯз, баъди чор соли заҳмату талошҳои пайдарҳам волидону наздиконашон бовар доранд, ки Эмомҳусайн қудрати 11 000 маротиба ҷуссабардорӣ карданро дорад! Ин писарак мехоҳад рекорди навраси ҷопониеро, ки 37 сол қабл аз ин бо 10 000 ҷуссабардорӣ шомили китоби рекордҳои Гиннес гардидааст, барҳам диҳад ва шаъну шарафи варзишии Тоҷикистони соҳибистиқлолро афзун карда, Парчами миллиамонро ҷилвагар бисозад. Падари ин варзишгари ғайриодӣ Раҷабалӣ Умаров дилпур аст, ки фарзандаш аз уҳдаи ин рӯйдоди беназир бо сарбаландӣ мебарояд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует