Истиқболи ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазода
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз соати 1 то 2-и шаби 14 ноябр. Садҳо нафар ҳаводорони варзиш – роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, устодон омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов баҳри истиқболи самимӣ аз қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон дар Сочи-2017 Беҳрӯз Хоҷазода интизорӣ мекашиданд. Он чизе, ки бинандаро пеш аз ҳама ба худ мекашид, ин лавҳаи хеле мунаққашу зебои ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода буд. Садои карнаю сурнай ва таблу доира ба ҳамоиши мухлисони варзиш шукӯҳу шаҳомати хос зам мекард. Дар дили шаб хоб аз чашми садҳо нафар парида, ҳама ба истиқболи парчамбардори хақиқии миллат Беҳрӯзи Хоҷазода интизорӣ мекашиданд.