Муйсафеди ҳисорӣ: Шикоят кардему ба ғазаб гирифтор шудем

Салом ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Оила”. Ман сокини деҳаи Хоҷасидиқи ҷамоати Дурбади шаҳри Ҳисор Бибигул Абдураҳмонова бо умед ба шумо муроҷиат карда истодаам, то ки ҳоли зори моро ба самъи курсинишинони воломақом расонед. Аз зиндагии вазнин ҷони ман ва падару бародарам кайҳо ба лабамон расидааст, вале касе арзи диламонро шунида, дастамонро намегирад.

Хонаҳои падарам дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Мӯйсафед чанд маротиба ба ҷамоат рафта, гиряву зорӣ кард, ки ба хотири ду ятим ва писари бемораш кӯмак расонанд, вале касе ба додаш нарасид. Падарам дид, ки аз ҳукумати маҳаллӣ ҳеҷ муроде ҳосил намешавад, ба дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат рафта, ба номи сарвари давлат нома навишт. Як ҳафта нагузашта, аз дастгоҳ ду марду як зан барои санҷиш омаданд. Онҳоро раиси шаҳри Ҳисор ва раиси ҷамоат ҳамроҳӣ мекарданд.

Хулоса, ҳолу аҳволи моро бо чашми худ диданд ва шароити вазнини зиндагиамонро ба навор гирифта рафтанд.

Кормандони ҷамоат аз падарам хафа шуданд, ки аз болои онҳо ба президент арз кардааст ва хонаро вайрон карданд. Мӯйсафед пурсид, ки барои чӣ хонаамро чапа кардед, кормандони ҷамоат ба сари падарам дод заданд, ки барои чӣ ба дастгоҳи президент аз рӯи мо шикоят кардӣ?! Акнун мо маҷбурем, ки тахтаҳои ҳамин хонаи куҳнаатро гирифта бароят хонаи нав созем. Аз моҳи июн то сентябр падарам ҳамроҳи ду набераи ятим ва писари касалиаш дар берун ба чангу хок ғӯтида хоб рафт. Ҷамоат моро миннатдор карда, гӯё як хонаи нав сохта дод, вале он на дар дораду на тиреза. Дар ҳамин фасли сарди тирамоҳ падари мӯйсафеди ман, ки синну солаш қариб ба 90 дакка хӯрдааст, дар хонаи бе дару тиреза мехобад. Дар манзили мо ягон шароити санитарӣ нест, ҳамаамон ба хоку лой ҷӯлида гаштаем. Илтимос, як маротиба омада ҳоли зори мор бубинед, охир камбағал бошем ҳам, мо инсон ном дорем-ку!

Бо эҳтиром: Бибигул Абдураҳмонова, н. Ҳисор.

- - - - - -

Шарҳи ҳоли ин оиларо муфассал дар ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Оила» мутолиа намоед!

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует