Ифтитоҳи шабакаи нави “Футбол” (21.02.2017)

Ба ифтихори Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шабакаи нави телевизионии - "Футбол"-ро таъсис диҳад.

Ҳадаф аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Шабакаи ҷадиди "Футбол"-и Федератсияи футболи Тоҷикистон на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА, премер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, бозиҳои гурӯҳи "А"-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Франсия, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует