Дар Амрико ва Қирғизистон Тик-Ток ро мебанданд. Дар Тоҷикистон чӣ?

Ҷо Байден, президенти ИМА тарҳи қонунеро имзо кард, ки манъи дастрасӣ ба TikTok-ро дар он кишвар мадди назар дорад. Пештар аз ин, манъи фурӯши ин барномаро дар мағозаҳои Apple ва Google Сенат ва Палатаи намояндагони ИМА тасдиқ карда буданд. Шабакаи иҷтимоии мазкур дар сурате дастнорас хоҳад шуд, ки агар молики он - ширкати ByteDance тиҷорати худро дар Амрико давоми нуҳ моҳи оянда ба каси дигаре нафурӯшад. Пеш аз ин дар Қирғизистон ҳам дастрасӣ ба TikTok-ро маҳдуд карданд. Дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони TikTok кам нестанд. Мо аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсидем, ки назарашон ба бастани ин шабака чист? Посухҳоро ҳамроҳ мебинем.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует