Ҳабси ҷавондухтар ва ронандаи таксӣ барои бетартибӣ дар вақти шабона
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Санаи 6-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз оинаи қисмати болоии автомашина (люк) баромадан ва рақс намудани як ҷавондухтари тахминан 20-25 сола инъикос гардидааст. Аз рӯи навор дида мешавад, ки ин амали зиддиҳуқуқӣ дар як автомашинаи сабукрави мусофиркашонӣ, ки ба ширкати “Рахш Таксӣ” тааллуқ дорад, сурат гирифта, ронанда ва ҷавондухтари мусофир бо ин кирдорашон ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
Ин амали ҷавондухтар ва ронандаи автомашинаи мусофиркаш, ки хилофи Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ахлоқу рафтори ҳамидаи инсонӣ мебошад, мавриди вокуниши шадиду манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати ин ҳолат чораи қонунӣ андешида шавад.