Орд фаровон шуд, харидор нест
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Сокиноне, ки дар ду рӯзи гузашта осемасар бо ҳар қимат даҳҳо халта орд хариданд акнун намедонанд онро чӣ гуна нигоҳ доранд. Ин дар ҳолест, ки сар аз нимаи рӯзи 4-уми март дар пайи овозаҳо дар робита ба эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, сокинон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба бозорҳо рехтанд ва ба миқдори зиёд орду равған хариданд. Дар пайи ин, нархи маҳсулот дар бозорҳо боло рафт. Аммо имрӯз дар назди фурӯшгоҳҳо навбатпоӣ ва издиҳоми харидорон ба назар намерасад ва фурӯшандагон дар назди талҳои халтаҳои орд интизори харидоронанд. Барот Юсуфӣ гузориш медиҳад.