Майдони лолазор танҳо барои тамошост. Бо худ канда бурдан манъ аст.
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Соли аввал аст, ки дар арафаи Наврӯз ва мавсими гули лола 40 намуди лола дар боғи фарҳанги-фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди шинонида шуд. Майдони лолазорро тарзу нақши зебои он оро додаанд. Баҳамоии ранг ва намуди лолаҳо дар макони боғ гуногун буда, хеле зебо аст. Пас аз фестивали сайри гули лола тамошобинони лолаҳои рангоранг бисёр шудаанд.Масъулон таъкид доранд, ки меҳнати гулпарваронро қадр карда сокинон танҳо аз тамошои лолаҳо баҳравар шаванд. Яъне лолаҳоро дидан ҳасту бо худ канда бурдан иҷозат нест.