Чёрный список 6 сезон 12 серия (2019)

Навруз — яке аз кадимтарин идхои точикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобхои таърихи омадааст. Аввалин касе ки уро чашн гирифт як подшохи форс бо номи Чамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми марти худуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳакро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо руҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaккинони ойинҳои Наврӯзи бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳанги, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёи густариш ёфтаааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Дехнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунан ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз навруз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Узбекистон ғазои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует