Любовь или что?
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Гумонбар ба латту кӯби бераҳмонаи як духтар дар маркази шаҳри Душанбе, ки видеояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундро ба вуҷуд овард, дастгир шудааст.
⠀
Дар Раёсати корҳои дохилии пойтахт рӯзи 2-юми март гуфтанд, ки ҷавони боздоштшуда Азизов Хуршед Абдунаимовичи 23-сола аст ва ба зидди ӯ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
⠀
Навори латту кӯби як духтар дар Душанбе шаби якуми март аз тарафи корбарони "Фейсбук" нашр шуд. Дар навор дида мешавад, як ҷавон духтареро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунад ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамояд.
⠀
Ҳодиса субҳи барвақти якуми март дар назди тарабхонаи “Гэлекси” рух додааст.
⠀
Ҷабрдида Малика Соҳибназароваи 23-сола буда, дар Душанбе иҷоранишин аст. Ӯ гуфт, нисбат ба ҷавон ягон шикоят надорад.
⠀
Соли гузашта дар пайи маъракаи нашри аксу видео аз лаҳзаҳои таҳқири духтарон, беҳурматӣ ба сокинон ва нақзи қоидаи роҳ дар пойтахту минтақаҳои дигар чанд нафар як муддат паси панҷа рафта, ба корҳои ислоҳӣ, аз ҷумла шустани фарш маҷбур шуданд.
⠀