Маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун”. Қисми 1 (16.11.2018)

Кисми 2 - http://mix.tj/video/119616.html

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ҳамзамон ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои васлгарии таҷҳизоти Дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ “КРУЭ” ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд.

Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует