Ҳакорати Шабнами Сурайё
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Дар Инстаграм видеое нашр шудааст, ки дар он овозхони шинохта Шабнами Сурайё ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як тӯй ногаҳон мусиқиро қатъ карда, микрофонро бо қаҳр ба замин мепартояд ва касе дашноми қабеҳ медиҳад. Ин видео баҳси тундеро барангехтааст. Гуруҳе Шабнамро мазаммат мекунанд, ки дар ҳавои шӯҳрат аз худ рафтааст. Гуруҳи дигар бар инанд, ки ӯ ҳамчун овозхони шинохта қадри худро медонад ва аз ҳаққаш дифоъ кардааст.
Дар видеои кӯтоҳе, ки дар саҳифаи show_business_tj дар шабакаи Инстаграм нашр шуд, дида мешавад, ки Шабнами Сурайё дар як тӯйи арӯсӣдар як тарабхона ҳунарнамоӣ дорад. Шабнам дар ин базм таронаи машҳури тӯёнаи "Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман, хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман”-ро иҷро мекард.
Ҳангоми иҷрои ин тарона чизе гузашт, ки Шабнам баробари хондани тарона касеро бо даст ишора мекунад, ки пешаш биояд. Баъди чанд лаҳза Шабнами Сурайё пеши навозандагонаш, ки дар байнашон бастакори шинохта Фарҳод Зикиров ҳам буд, рафта, якбора мусиқиро қатъ мекунад.
Ӯ сипас дар микрофон хитоб ба касе гуфт: "Ина ҳамин микрофонро бигир, бигир, бихон, майлӣ, к...и оча.”
Шабнами Сурайё баъди ин ҳарфҳо микрофонро ба қаҳр ба замин партофта, меравад.