Дӯсти то абад - Эркин Холматов
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.
Дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад.
Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар калому равшанидиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд. Ончунон ки Ҳофизи бузург фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Як суруд бо номи "Дӯсти то абад" барои дӯстони ҷонӣ - то, ки дӯстиашон бо меҳру бо файз бошад ...
Шеър ва оҳанг: Э. Холматов
https://youtube.com/c/sitoramedia
https://www.instagram.com/sitoramedia/
https://www.facebook.com/sitoramedia/