Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» - барандаи Ҷоми «Наврӯз-2018»

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи футболи хурд байни Раёсат ва филлиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур 14 даста ширкат варида, тибқи қуръакашӣ дар марҳилаи муқаддамотӣ ва баъдан дар даври 1/8 ниҳоӣ бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Рақобатҳо давоми ду рӯз ҷолибу дидани сурат гирифта, беҳтаринҳо барои ин Ҷом талош намуданд. Имсол ҳам дастаи Раёсати БДА «Амонатбонк» беҳтарин будани худро исбот намуд. Бозии ниҳоӣ ва ҳасос бо ҳуҷумҳои пайдарпай ва бозигузории хуби иштирокчиён сурат гирифта, тими Раёсати БДА «Амонатбонк» бо ҳисоби калони 6:2 ғалаба ба даст овард. Дар воқеъ ин мусобиқа барои дарёфти беҳтарин бозингарон ба ҳайати дастаи БДА «Амонатбонк» дар мусобиқаҳои ҷумҳурявӣ мебошад. Зеро ин даста аллакай дар чанд чорабниҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе ба гирифтани зинаҳои ифтихорӣ даст ёфтааст.
Ҳамин тариқ дар анҷоми мусобиқа бо иштироки роҳбарияти бонк ҷоизасупорӣ ба дастаҳои ғолиб баргузор шуд. Дар ин миён ҳамчунин беҳтарин футболбозони ин мусобиқа бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Шаҳзод Ниёзов - дарвозабони дастаи Раёсати Амонатбонк ҷоизаи беҳтарин дарвозабон, Парвиз Давлатов аз филилали ноҳияи Фирдавсӣ, беҳтарин футболбоз ва Раҷабалӣ Бозоров аз филиали ноҳияи Сино 03, ҷоизаи беҳтарин нишонзанро ба даст оварданд. Тими ғолиб бо медалҳо ва Ҷоми “Наврӯз-2018”, ки ҳамасола аз ҷониби роҳбарити БДА “Амонатбонк” баргузор карда мешавад, қадрдонӣ карда шуд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует