mp3

Зафар Нозим - Модар

Боз омадам ба пурсиши ҳоли ту эй умед,
Эй модаре ҳар нафасам гуфтугуйи туст.
Боз омадам ки бӯса занам бар мазори ту,
Эй қиблае, ки ҷону дили ман ба суйи туст.

Боз омадам ки шиква кунам аз ғами фироқ,
В-аз бонги нола руҳи туро бохабар кунам.
Модар! Ғами ту ҳамсафарам шуд ба ҷойи ту,
Бо ин ғами бузург чӣ хоке ба сар кунам?

Ҷони писар фидойи ту эй модари азиз,
Кай донӣ аз фироқ чиҳо бар писар гузашт.
Ҳар лаҳзае, ки дар ғами маргат зи раҳ расид,
Бо сӯзи оҳ омаду бо чашми тар гузашт.

Ғамхона аст синайи ман дар фироқи ту,
Он кас, ки ҳаст аз ғами ман бохабар Худост.
Огаҳ набудам аз ғами бемодари вале
Маргат паём дод ки: Бе модарӣ балост.

Рафти зи дасти мову намонд аз баройи мо,
Ғайр аз ғаме, шикаста диле, ҷони хастае,
Ту мурғи ҷовидони биҳиштӣ шудӣ вале,
Донад Худо, ки пушти писарро шикастайӣ.

Модар! Бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ,
Ҷонам фидойи туву манзил муборакат.
Модар бихоб каъбайи ман хоки куйи туст,
Қурбони хоки куйи ту манзил муборакат.
© Маҳдии Суҳайлӣ

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует