mp3

Куштори зану шавҳари соҳибкор дар Суғд

Ба дунболи қатли як зану шавҳари соҳибкор дар Суғд, мақомот гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода, омилони ин ҷиноятро ҷустуҷӯ доранд. Муҳсин Юсуфов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди шахсияташон номаълум шаби сешанбе Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоеваи 60-соларо дар манзили зисташон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров куштаанд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует