Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

Шаби 14 ба 15 июн Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Реҷеп Тайип Эрдуғон дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Войдите, пожалуйста.

    Возможно, Вас заинтересует